Articles

Аҳодиси Набави дар мавзуи ҳаҷ аз китоби "Мухтасари Саҳеҳи Бухорй"





الأحاديث النبوية في موضوع الحج من كتاب





" مختصر صحيح البخاري"





] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [





Таҳияи : Мусаби Ҳамза





2009 - 1430





الأحاديث النبوية في موضوع الحج من كتاب





" مختصر صحيح البخاري"





« باللغة الطاجيكية »





إعداد : مصعب حمزة





2009 - 1430





26. КИТОБИ ЊАЉ





БОБИ 1. Вуљуби њаљ ва фазилати он





769. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Фазл ибни Аббос путши сари Паёмбари Худо (с) савор буд. Зани зебое аз мардуми Хасъам oмад. Фазл ба тарафи он зан ва он зан ба тарафи Фазл нигоњ мекард, Паёмбари Худо (с) рўи Фазлро ба тарафи дигар гардониданд.





Он зан гуфт: Ё Расулаллоњ! Њаљље, ки аз тарафи Худо фарз аст, ба падарам, ки пири поафтода аст ва худро бар маркаб гирифта наметавонад, фарз гардидааст, оё ман ба љои ў њаљ карда метавонам? Фармуданд: "Бале." Ва ин воќеа дар њаљљату-л-вадоъ воќеъ гардид.





БОБИ 2. Ин ќавли Худованди мутаъол, ки «Ба мардум


эълон кун, то ба њаљ биёянд...» (Њаљ: 27)





770. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (c)-ро дар Зулњулайфа дидам, ки бар шутури хеш савор шуданд ва то њангоме ки шутур комилан ба роњ афтод, талбия мегуфтанд.





БОБИ 3. Њаљ кардан бар шутури боркаш





771. Аз Анас (р) ривоят аст, ки: Паёмбари Худо (с) бар шутуре њаљ карданд, ки зод ва роњилаашон низ бар болои њамон шутур бор карда шуда буд.





БОБИ 4. Фазилати њаљљи мабрур





772. Аз Оиша, уммулмўъминин (р) ривоят аст, ки гуфт: Ё Расулаллоњ! Фикр мекунам, ки љињод бењтарин аъмол бошад, оё ц (занхо) љињод накунем? Фармуданд: "На, хайр! Бењтарин љињод баре шумо њаљљи мабрур аст."





773. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки фармуданд: "Касе барои Худо њаљ кунад ва дар њаљљи худ муртакиби љимоъ ва фањш ва кори баде нагардад, тавре аз њаљ (аз гуноњ пок шуда) бармегардад, ки ба монанди рўзе аз модараш таваллуд шудааст."





БОБИ 5. Микоти ахли Яман





774. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) барои ањли Мадина Зулњулайфа ва барои ањли Шом Љўњфа ва барои ањли Наљд Ќарни Манозил ва барои ањли Яман Яламламро миќот таъйин намуда (ва фармуданд:) Ин миќотњо барои ин мардум ва баре касонест, ки аз ѓайри ин мардум аз ин миќотњо гузашта ва иродаи њаљ ё умраро дошта бошанд ва касе, ки баъд аз ин микотхо (дар тарафи Макка) |сукунат дорад, миќоташ аз њамон љоест, ки иродаи њаљ намудааст, њатто миќоти ањли Макка шањри Макка аст.





БОБИ 6





775. Аз Абдуллоњ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) дap њамвории Зулњулайфа шутурашонро хобонда ва намоз хонданд ва Абдуллоњ ибни Умар (р) низ њамин корро мекард.





БОБИ 7. Рафтани Паёмбари Худо (с) аз роњи Шанара





776. Ва аз Абдуллоњ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) ваќти аз Мадина рафтан аз роњи Шаљара мерафтанд ва њангоми дохил шудан ба Мадина аз роњи Муъаррас дохил мегардиданд. Ва Паёмбари Худо (с) ваќте ки аз Мадина ба ќасди рафтан ба Макка хориљ мешуданд, дар масљиди Шаљара ва ваќти бозгаштан ба сўи Мадина дар масљиди Зулњулайфа дар домани водї намоз мехонданд ва шаб то субњ њамон љо мехобиданд.





БОБИ 8. Ин гуфтаи Паёмбари Худо (с) ки


"Аќиќ дашти мубораке аст"





777. Аз Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (с) дар водии Аќиќ шунидам, ки фармуданд: "Шаби гузашта Љабраил аз љониби Парвардигорам омад ва гуфт: Дар ин дашти муборак намоз бихон ва ният кун, ки аъмоли умраро бо аъмоли њаљ бо њам анљом дињї."





778. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Њангоме, ки Паёмбари Худо (с) дар Зулњулайфа истироњат карда буданд, дар хоб диданд, ки касе ба он њазрат гуфт: Ту дар дашти мубораке ќарор дорї.





БОБИ 9. Се бор шустани хушбўї аз љома





779. Ривоят аст, ки Яъло ибни Умайя (р) ба Умар (р) гуфт: Паёмбари Худо (с)-ро њангоми нузули вањї ба ман нишон бидењ. Яъло ибни Умайя (р) мегўяд: Њангоме, ки Паёмбари Худо (с) бо иддае аз асњоби худ дар Љеърона буданд, шахсе омад ва гуфт: Ё Расулаллоњ! Агар шахсе эњром бибандад ва љомањояш муаттар бошад, њукмаш чист?





Паёмбари Худо (с) соате сукут намуданд ва дар ин њангом вањї барояшон нозил гардид. Умар (р) дар ин ваќт ба ман ишора намуд, ман омадам (ва дидам), ки Паёмбари Худо (с) дар зери љомае, ки болояшон соя намудааст нишастаанд, сарамро дохил намуда ва дидам, ки рухсораашон сурх гардида ва нола мекунанд.





Сипас ин њолат аз эшон дур шуд ва фармуданд: "Он шахсе, ки аз





умра суол намуд, куљост?" Он шахсро оварданд, Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Хушбўиеро, ки (истеъмол кардаї), се бор бишўй, ќабоятро аз танат берун кун ва умраатро тавре анљом бидењ, ки њаљатро анљом медињї."





БОБИ 10. Истеъмоли хушбуй њангоми эњром бастан ва


баёни либосе, ки ба он эњром баста мешавад





780. Аз Оиша (р) њамсари Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с)-ро њангоми эњром бастан ва дар ваќти берун шудан аз эњром ва пеш аз ин, ки ба хонаи Каъба тавоф намоянд, хушбўї мезадам.





БОБИ 11. Касе, ки дар њоли мулаббад


будани сараш эњром бастааст





781. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с), дар њоле, ки сарашон мулаббад буд (яъне ба сарашон чизе монанди њино ё хитмро баста буданд), нияти эњром намуданд.





БОБИ 12. Эњром бастан аз масљиди Зулњулайфа





782. Ва аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) љуз аз масљиди Зулњулайфа аз љойи дигаре эњром намебастаанд.





БОБИ 13. Савор шудани ду нафар бар як маркаб дар њаљ





783. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки аз Арафот то Муздалифа Усома (р) ва аз Муздалифа то Мино Фазл ибни Аббос (р) пушти сари Паёмбари Худо (с) савор буданд. Њардуяшон гуфтанд, ки Паёмбари Худо (с) то њангоми задани Љамраи Аќаба талбия мегуфтанд.





БОБИ 14. Он чи, ки пўшидани он аз ќабил и сиёб ва


изор ва ридо барои муњрим равост





784. Ва аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) ва сањоба (р) баъд аз шона задани cap ва истеъмоли равѓан ва пўшидани изор ва ридо аз Мадина хориљ гардиданд ва Паёмбари Худо (с) аз пўшидани њељ навъ изор ва ридое ба љуз аз изор ва ридое, ки ба заъфарон муаттар гардида ва бар љилд асар мекунад, нањї нафармуданд.





Шабе дар Зулњулайфа буданд, чун субњ шуд, шутурашонро савор гардиданд ва њангоме, ки шутур комилан ба роњ афтод ва ба њамвории Байдо расиданд, бо сањоба (р) талбия гуфта ва шутури њадяи њаљљи худро нишонї намуданд ва ин ваќте буд, ки панљ рўз аз моњи Зулкаъда боќї монда буд.





Чун ба Макка расиданд, чањор рўз аз Зулњиљља гузашта буд, хонаи Каъбаро тавоф карда ва байни Сафо ва Марва саъй намуданд ва чун шутури њадяашонро ќаблан фиристода буданд, худро њалол насохтанд, зеро шутурро аломатдор сохта буданд.





Баъд аз он ба ќисмати баланди Макка, дар њоле, ки иродаи њаљро доштанд, наздики Хуљун манзил намуданд ва дигар то њангоме, ки аз Арафот баргаштанд, ба тарафи хонаи Каъба нарафтанд.





Баъд аз баргаштан аз Арафа ба сањоба (р) амр намуданд, то хонаи Каъбаро тавоф карда ва байни Сафо ва Марва саъй намоянд. Сипас мўи сарашонро кўтоњ намуда ва худро њалол созанд ва ин барои касест, ки ќаблан шутури (њадяи) њаљро нишонадор насохта ва нафиристодааст.





Ва касе, ки њамсараш бо ў аст, наздик шудан бо њамсар, истеъмоли хушбўї ва пўшидани либос барояш равост.





БОБИ 15. Талбия гуфтан





785. Аз Абдуллоњ ибни Умар (р) ривоят аст, ки талбияи Паёмбари Худо (с) чунин буд: "Лаббайка, Аллоњумма лаббайка, лаббайка ло шарика лака лаббайка, инналњамда ва-н-неъмата лака валмулк, ло шарика лака."





БОБИ 16. Хамд ва тасбењ ва такбир пеш аз талбия


гуфтан ва савор шудан бар шутур





786. Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: Дар њоле, ки мо бо Паёмбари Худо (с) будем, намози пешинро дар Мадинаи мунаввара чањор ракаат ва намози асрро дар Зулњулайфа ду ракаат адо намуданд. Баъд аз он дар он љо хоб шуданд, то субњ шуд.





Баъд аз он шутури худро савор шуданд ва чун ба Байдо расиданд ва шутур комилан ба роњ афтод, баъд аз њамди Худованди мутаъол ва тасбењ ва такбир барои њаљ ва умра ният карданд ва дигарон низ барои адои њаљ ва умра ният намуданд.





Њангоме, ки ба Макка расидем, (баъд аз адои маросими умра) ба мардум амр намуданд, то худро њалол созанд, то ин ки рўзи тарвия омад, дар ин рўз барои адои њаљ эњром бастанд. Анас (р) мегўяд: Паёмбари Худо (с) чандин шутурро ба дасти худ дар њолати истода забњ намуданд ва Паёмбари Худо (с) дар Мадина ду ќучќори сиёњу сафедро барои ќурбонї забњ менамуданд.





БОБИ 17. Талбия гуфтан рўй ба ќибла





787. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки ў доимо аз Зулњулайфа нияти њаљ мекард ва чун ба Њарам мерасид, аз талбия гуфтан бас мекард ва чун ба минтаќаи Зу туво мерасид, шабро дар он љо мехобид, чун намози субњро (дар он љо) адо менамуд, ѓусл мекард, чун назараш ин буд, ки Паёмбари Худо (с) чунин мекарданд.





БОБИ 18. Талбия гуфтан њангоми сарозер шудан ба





сўи водї





788. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: «... њар чї, ки Мўсо (ъ) аст, гўё њамин њоло батарафаш нигоњ мекунам, ки дар њамин водї сарозер гашта ва талбия мегўяд.»





БОБИ 19. Касе, ки дар замони Паёмбари Худо (с)


монанди нияти эшон ба њаљ ният намудааст





789. Аз Абўмўсо (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) маро ба сўи ќавме ба Яман фиристода буданд, чун боз омадам, эшон дар Батњои Макка буданд, аз ман пурсиданд: Нияти чї навъ њаљљеро намудаї?





Гуфтам: Нияти њамон њаљљеро намудаам, ки Паёмбари Худо (с) намудаанд. Фармуданд: Њадяи шукрона бо худ овардї? Гуфтам: На. Маро амр намуданд, то ба хонаи Каъба тавоф карда ва байни Сафо ва Марва саъй намоям. Баъд аз он амр намуданд, ки худро њалол созам, худро њалол сохтам.





Сипас назди зане аз хешовандонам омада ва он зан сарамро шона намуд ва ё шуст. Чун замони (хилофати) њазрати Умар (р) расид, гуфт: Агар ба китоби Худо амал намоем, китоби Худо моро ба тамом намудани умра ва њаљ амр менамояд. Худованди мутаъол мефармояд: «Њаљ ва умраро хос барои Худо ба тамом бирасонед.» (Баќара: 196)





Ва агар ба суннати Паёмбари Худо (с) амал намоем, Паёмбари Худо (с) то ваќте, ки њадяро забњ нанамуданд, худро њалол насохтанд.





БОБИ 20. Ин ќавли Худованди мутаъол, ки мефармояд «Њаљ дар моњњои муайянест...» (Баќара: 197)





790. Њадиси Оиша (р) дар мавзўъи њаљ ќаблан гузашт ва дар ин ривоят мегўяд: "Бо Паёмбари Худо (с) дар моњњои њаљ, шабњои њаљ ва авќоти њаљ аз Мадина берун шудем ва ба Сариф манзил гузидем. Оиша (р) мегўяд: Паёмбари Худо (с) назди асњобашон рафта ва фармуданд: «Касе, ки бо худ њадя надошта бошад, агар хоста бошад, метавонад њаљљи худро ба умра табдил намояд, вале касе, ки бо худ њадя дорад, чунин кореро карда наметавонад."





Оиша (р) мегўяд: Касоне, ки њаљљи худро ба умра табдил намуданд ва касоне, ки табдил накарданд, њамагї аз сањобаи Паёмбари Худо (с) буданд. Ва мегўяд: Вале худи Паёмбари Худо (с) ва иддае аз сањоба, ки ададашон зиёд буд, чун бо худ њадя оварда буданд, натавонистанд амали умраро анљом дињанд. Ва Оиша (р) баќияи њадисро зикр намуд.





БОБИ 21. Њаљљи таматтўъ, њаљљи ќирон ва њаљљи ифрод ва фасњи њаљ барои касе, ки њадя њамроњаш нест





791. Ва аз Оиша (р) дар ривояти дигаре омадааст, ки гуфт: Бо Паёмбари Худо (с) аз Мадина хориљ гардидем ва медонистем, ки ин сафар љуз барои адои њаљ барои касди дигаре нест. Њангоме, ки ба Мака расидем, ба хонаи Каъба тавоф намудем.





Ва Паёмбари Худо (с) касонеро, ки њадя нафиристода буданд, амр намуданд, то (баъд аз адои умра) худро њалол созанд ва онњо худро њалол сохтанд ва њамсарони Паёмбари Худо (с) чун њадя нафиристода буданд, низ худро њалол сохтанд.





Сафия (р) (чун ба одати моњона гирифтор шуда буд) гуфт: Фикр мекунам, ки ман сабаби таъхири њамроњонам шавам. Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Эй зани шуми сартарошида! Магар рўзи ид тавоф накардї? Гуфт: Тавоф кардам. Фармуданд: Пас боке нест, ба сафарат ид ома бидењ."





792. Аз Оиша (р) дар ривояти дигаре омадааст, ки гуфт: Дар њаљчатулвадоъ бо Паёмбари Худо (с) азми адои њаљро менамудем. Баъзе аз моён танњо нияти умра ва баъзе нияти њаљ ва умра ва мардуми дигаре нияти танњо њаљро намуданд. Вале Паёмбари Худо (с) нияти њаљро намуда буданд. Касоне, ки нияти њаљ ва ё нияти њаљ ва умраро намуда буданд, то рўзи иди Ќурбон худро њалол насохтанд.



Recent Posts

Куҷо ҳастем аз ахлоқи ...

Куҷо ҳастем аз ахлоқи рузадорон?

Аснофи занҳо дар моҳи ...

Аснофи занҳо дар моҳи рамазон

ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БО ...

ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БОШ!